Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми Хадиҷа Исмоиловаро кам карданд


Хадиҷа Исмоилова
Хадиҷа Исмоилова

Додгоҳи ҷиноятҳои ҷиддии шаҳри Боку, пойтахти Озарбойҷон ҳукми журналисти Радиои Озодӣ Хадиҷа Исмоиловаро кам кард. Додгоҳи Боку рӯзи 8 август қарор кард, ки ҳукми севуним соли зиндони шартии Исмоилова то 2 солу 3 моҳ пойин оварда шавад. Далели ин қарор гуфта нашудааст. Исмоилова моҳи декабри соли 2014 боздошт ва дар сентябри соли 2015 бо ҷурмҳое, чун сарпечӣ аз пардохти андоз, сӯиистифода аз мақом ва соҳибкории ғайриқонунӣ ба 7,5 соли зиндон маҳкум шуд. Ҳукми ӯ дар моҳи майи соли ҷорӣ аз сӯи Додгоҳи олии Озарбойҷон дар пайи ҳазфи иттиҳоми сӯиистифода аз мақом ва истифодаи ғайримақсади моликият то сеюним соли зиндони шартӣ кам гардида, Хадиҷа Исмоиловаро озод карданд. Парвандаи Исмоилова интиқом барои гузоришҳои таҳқиқотии ҷоизадораш дар бораи дар фасод даст доштани хонаводаи раисиҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев шумурда мешавад.

XS
SM
MD
LG