Пайвандҳои дастрасӣ

Нахустин медали олимпии Косово


Маҷлинда Келмендӣ

Маҷлинда Келмендӣ

Маҷлинда Келмендӣ бо пирӯзӣ дар сабқати гуштии дзюдо байни занон дар вазни то 52 кило дар Олимпиадаи Рио-де-Жанейро нахустин нишони тилои олимпиро барои Косово овард. Дар шамшербозӣ Тимур Сафин аз Русия соҳиби унвони қаҳрамони олимпӣ шуд. Сафин зодаи Узбакистон аст, вале аз соли 2012 дар тими Русия ҳунарнамоӣ мекунад. Шиновари амрикоӣ Майкл Фелпс бо пирӯзӣ дар сабқати шиноварии мардон дар эстафетаи 4х100 инак медали тилои 19-уми олимпиашро ба даст овард. Ҷамъи медалҳои олимпии Фелпс ба ин тартиб ба 23 расид. Дар сабқатҳои рӯзи 7 август ҳамчунин шиновари шведӣ Сара Сёстром дар масофаи 100 метр бо шеваи баттерфлай рекорди нави ҷаҳонӣ гузошт. Ӯ ин масофаро дар муддати 55,48 сония тай кард. Шиновари амрикоӣ Кети Ледеки низ дар шиноварӣ ба масофаи 400 метр бо усули фристайл бо сарфи 3,56,46 дақиқа рекорди ҷаҳонии худашро тағйир дод. Ва Адам Пити нахустин намояндаи Бритониё дар 28 соли охир шуд, ки дар сабқати мардон нишони тилои олимпиро соҳиб шуд. Пити дар ду рӯз ду рекорди ҷаҳонӣ гузошт.

XS
SM
MD
LG