Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Максим Резникро ба интихобот роҳ надоданд


Максим Резник
Максим Резник

Мақомоти интихоботӣ номзадии сиёсатмадори мухолиф Максим Резник ба интихоботи маҷлиси қонунгузории шаҳри Санкт-Петербурги Русияро сабт накарданд. Мақомоти интихоботӣ рӯзи 7 август беш аз 10 дарсади имзоҳои ҷамъовардаи Резник ба пуштибонӣ аз номзадиаш дар интихоботи моҳи сентябрро ботил баровардаанд. Ба гуфтаи мақомот, аксари ин имзоҳо бо дасти як нафар пур шудаанд. Резник аз номи ҳизби РОСТ роҳии интихобот шуда буд. Ӯ ҳоло ҳақ дорад аз рӯйхати ҳизбии РОСТ дар интихобот ширкат кунад. Зимнан, Абдулло Давлатов, табиб ва ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик низ аз номи ҳамин ҳизби РОСТ ба интихоботи парлумонии Русия номзад шудааст.

XS
SM
MD
LG