Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Императори Ҷопон аз тахт рафтан мехоҳад


Император Акиҳито
Император Акиҳито

Императори 82-солаи Ҷопон Акиҳито рӯзи 8 август дар як паёми видеоӣ ба мардум гуфт, нигарон аст, ки дигар наметавонад ба далели синнаш вазифаҳои худро пурра иҷро кунад. Акиҳито дар ин паём ишорае ба эҳтимоли истеъфояш аз мақом накард, вале эҳтимоли баррасии чигуна интиқол додани тахт ба ворисашро матраҳ кард. Моҳи гузашта шабакаи телевизионии NHK гузориш дод, ки Акиҳито, ки қалбаш ҷарроҳӣ шудаву аз саратони простата ҳам табобат гирифтааст, мехоҳад дар солҳои наздик истеъфо диҳад. Чунин қадам дар Ҷопони муосир собиқа надорад ва тартиби қонуниаш низ вуҷуд надорад. Император дар Қонуни асосии Ҷопон ҳамчун рамзи “ваҳдати мардум” эътироф мешавад, вале қудрати сиёсӣ надорад.

XS
SM
MD
LG