Пайвандҳои дастрасӣ

Ду хориҷиро дар Кобул рабудаанд


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Дар шаҳри Кобул, пойтахти Афғонистон, як амрикоӣ ва як шаҳрванди Австралияро рабудаанд. Мақомот рӯзи 8 август гуфтанд, ки шаби гузашта афроди мусаллаҳи либоси низомӣ дар тан ин ду нафарро аз мошинашон дар шоҳроҳи воқеъ дар наздикии Донишгоҳи амрикоӣ рабудаанд. Бовар меравад, ки рабудашудаҳо дар ин донишгоҳ кор мекарданд. Мақомоти Амрико ва Австралия мегӯянд, аз гузоришҳо дар ин бора хабар доранд ва машғули ташхиси дурустии онҳоянд. Ин одамрабоӣ ҳамагӣ ду ҳафта баъд аз рабуда шудани як корманди ҳиндии як созмони хайрия дар назди манзилаш дар Кобул рух дод. Се хориҷии дигар, ки соли гузашта рабуда шуданд, баъдан озод шуданд. Кери Ҷейн Вилсон, зане аз Австралия моҳи апрел дар Ҷалолобод рабуда шуд. Куҷо будани ӯ то ҳол маълум нест. Чанд рӯз пеш ҷангҷӯёни Толибон ба гурӯҳи сайёҳони хориҷӣ дар вилояти ғарбии Ҳирот ҳамла карданд. Дар натиҷаи оташи ҷангҷӯён чанд сайёҳ, ки дар байнашон атбои Бритониё, Амрико ва Олмон буданд, ҷароҳат бардоштанд.

XS
SM
MD
LG