Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ноҳияи Балиқчии вилояти Андиҷон раиси ноҳия трактор ва техникаи кории раҳбарони ширкатҳои кишоварзиро мусодира кардааст. Онҳо барои иҷро накардани нақшаи ҷамъоварии пахта ва гандум гӯё ба ин тартиб муҷозот мешаванд.

Дар ҷаласае раиси ин ноҳия ҳушдори нахуствазири Узбакистон Шавкат Мирзиёевро ёдоварӣ кард, ки барои иҷро нашудани нақша маъракаи махсуси “Табарзин” ё “Ойболта”-ро эълон карда буд. Дар чаҳорчӯбаи ин маърака аз хоҷагиҳои кишоварзии қарздор на танҳо трактору техникаи кишоварзӣ, балки қолину таҷҳизоти рӯзгорашонро низ мусодира кардаанд.

Ҷаласаи ғайринавбатии намояндагони мардумии ноҳия 4 август дар як бошгоҳи саҳроӣ бо номи “Усмон ота” баргузор шудааст. Раёсати ҷаласаро Шӯҳрат Абдураҳмонов-раиси вилояти Андиҷон бар ӯҳда доштааст ва масъалаи асосии он танбеҳ додани шахсоне будааст, ки нақшаро иҷро накарданд.

Яке аз фермерҳои ноҳияи Балиқчӣ, ки дар ин ҷаласа ширкат дошт, ба бахши узбакии Радиои Озодӣ гуфтааст, ки раиси вилоят дар назди ҳама фермерҳоро таҳқир кард ва дастур дод, ки дороии онҳоро мусодира кунанд.

Баъд аз хатми ҷаласа ба зудӣ иҷрои фармони вай оғоз шуд. Аз хонаи Нодирбек Ҳакимов-раҳбари хоҷагии кишоварзии ба номи “Ихтиёрхон ёрларӣ” дар рустои Сиза трактор ва тақрибан 20 колину палосро мусодира карданд.

Ин фермер мегӯяд, ҳамаи дороиҳои мусодирашударо бо зӯрӣ ба корхонаи пахтатозакунии Чинобод бурдаанд. Мусодираи дороӣ ва амволи фермерҳоро кормандони додситонии вилоятӣ, кормандони додгоҳи вилоятӣ, кормандони пулис ва андоз анҷом медиҳанд.

Ҳамсӯҳбати бахши узбакии Радиои Озодӣ дар идома гуфтааст, дар айни замон мусодираи амволи ононе шурӯъ шудааст, ки нақшаи ҷамъоварии гандумро иҷро накардаанд. Аз хонаҳои онҳо телевизор ва таҷҳизоти дигари зистро ҳам мебаранд ва ин корро барои он мекунанд, ки дар чунин ҳолат ин фермерҳо дар назди мардуми маҳалла шарманда шаванд.

Як фермери дигар, ки вай ҳам нахостааст аз вай ном баранд, ба бахши узбакии Радиои Озодӣ гуфтааст, ки мақомоти маҳаллӣ намехоҳанд сабабҳои объективии иҷро нашудани ҷамъоварии гандумро бишнаванд.

Вай мегӯяд, “соли ҷорӣ барои парвариши гандум соли мушкил буд. Заҳрпечак гандумро касалӣ кард, барои ҳамин имкон нашуд, ки нақшаро иҷро кунанд. Дар кишварҳои дигар дар чунин вазъият давлату ҳукумат ба фермерҳо кӯмак мерасонанд. Талафотро ҷуброн мекунанд. Дар кишвари мо баръакс. Давлат дастур медиҳад, ки ба ҳар роҳ нақшаро иҷро кунем. Соли ҷорӣ бисёре аз фермерҳо дороии худро дар бозор фурӯхтанд, то барои иҷрои нақша ба пули он гандум харидорӣ кунанд. Вале касе, ки иҷро карда натавонист, давлат онҳоро ғорат мекунад.”

Як намояндаи расмии вилояти Андиҷон, ки нахост аз худ ном барад, дар сӯҳбати телефонӣ оғози амалиёти “Табарзин” ё “Ойболта”-ро рад накард ва гуфт, ки дар ноҳияи Балиқчӣ дар чаҳорчӯбаи ин амалиёт танбеҳ додани фермерҳо идома дорад. Вай гуфт, бо фармони раиси вилоят ин амалиёт шурӯъ шудааст ва касоне, ки дар се соли охир нақшаро иҷро накардаанд, бар зидди онҳо чора дида мешавад.

Баъд аз эълони амалиёти “Ойболта” дар гузашта низ фермерҳоро дар минтақаҳои дигари кишвар ба муҷозот кашонда буданд. Ҳатто аз хонаи фермерҳо пардаҳои тирезаашонро канда бурда буданд.

Дар ҷараёни яке аз ҷаласаҳои телефонӣ 12 октябри соли гузашта нахуствазир Шавкат Мирзиёев намояндагони гурӯҳи “Ойболта”-ро танқид карда буд, ки онҳо дар ҷараёни амалиёт вазифаи худро фаъолона иҷро намекунанд ё раҳму шафқат нишон медиҳанд. Баъд аз он дар ҳамаи минтақаҳои Узбакистон мавридҳои мусодираи дороии фермерҳое, ки нақшаи ҷамъоварии пахта ва гандумро иҷро накардаанд, доманаи васеъ пайдо кард.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG