Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Покистон шаҳрванди Амрикоро боздошт карданд


Мақомти Покистон мегӯянд, як шаҳрванди Амрико, ки чанд солпеш аз Покистон ихроҷ шуда буд ва номаш дар феҳристи сиёҳ вуҷуд дорад, ҳангоми бозгашт ба Покистон боздошт шудааст.

Сарфароз Ҳусайн-сухангӯи вазорати корҳои дохилаи Покистон 6 август гуфт, ки Ожонси федеролии бозрасӣ Мэтю Крейг Барретро дар дар як меҳмонхонаи Исломобод ҳабс кардааст.

Баррет 33 сола ва аз аёлати Алабама аст ва соли 2011 аз Покистон депорт шуда буд. Он вақт вайро дар назди Фатеҳ Ҷанг, яъне дар минтақаи комилан махфии бинои таҳқиқоти низомӣ пайдо карда буданд.

Ҳусейн дар бораи боздошти пешинаи Баррет тавзеҳот надод, вале гуфт, “агар номи касе дар феҳристи сиёҳ ворид шуда бошад, пас масъала ҷиддӣ аст”.

Қабл аз истирдод Баррет чаҳор сол дар Покистон зиста буд. Бо як хонуми покистонӣ арӯсӣ кард ва 2 кӯдак дорад. Дар номае, ки соли 2011 ба рӯзномаи Guardian навишта буд ва онро аз зиндон дуздиданд, Баррет навиштааст, ки вай ҳеҷ гоҳ ҷосус набудааст.

XS
SM
MD
LG