Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷасади 4 кӯҳнаварди хориҷиро дар Гурҷистон пайдо карданд


Дар Гурҷистон ҷасади 4 кӯҳнаварди хориҷиро пайдо кардаанд. Онҳо ҳангоми фатҳи қуллаи Ушба ба ҳалокат расидаанд. Ҷустуҷӯи кӯҳнавардон аз 31 июл идома дошт.

Рӯзи шанбе ҷасади онҳоро бо чархболҳо аз Ушба ба маркази ноҳия ба Местия овардаанд.

Шахсияти ин кӯҳнавардонро то ҳол шиносоӣ накардаанд ва дар бораи онҳо маълумоти муфассал вуҷуд надорад. Вале мақомот мегӯянд, ки ин гурӯҳ аз як шаҳрванди Русия, як шаҳрванди Эстония ва ду шаҳрванди Исроил иборат буд.

Қуллаи Ушба 4 700 метр баландӣ дорад ва аксари коршиносон мегӯянд, ки барои фатҳ яке аз қуллаҳои мушкил дар Қафқоз ба шумор меравад.

XS
SM
MD
LG