Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифони давлати Сурия муҳосираи Ҳалабро шикастаанд


Мухолифони ҳукумати Сурия
Мухолифони ҳукумати Сурия

Ҷангандаҳои мухолифони Сурия мегӯянд, ки онҳо муҳосираи се ҳафтаинаи шаҳри Ҳалабро 6 август шикастаанд. Ин кор дар ҷараёни амалиёти зидди нируҳои ҳукуматии Сурия сурат гирифтааст, ки аз ҷониби Русия ҳимоят мешаванд. Ҳоло нируҳои ҳукуматии Сурия аз худ дифоъ мекунанд.

Эътилофи миллии мухолифон, ки марказаш дар Истамбули Туркия аст, мегӯяд ки бо боз кардани роҳи нав ба шаҳр аз самти ҷануб бо муваффақият муҳосираро рахна кардааст.

Ҷангандаҳои мухолифон ва тундравҳои исломӣ аз 31 июл ҳамлаҳои бераҳмонаро барои шикастани муҳосира оғоз карданд ва тақрибан 250 ҳазор нафар сокинони Ҳалабро дар қисматҳои шарқии шаҳр дар ҳалқа гирифтаанд.

Ҷиноҳи исломие бо номи Аҳрор ал-Шом мегӯяд, ки назорат бар Рамуссоро дар қисмати ҷануби-шарқии шаҳр ба даст даровардааст ва аз ин самт ба сӯи шаҳри Ҳалаб “роҳ боз кардааст”.

Аммо телевизиони давлатии Сурия шоми 6 август гуфт, ки нируҳои ҳукуматӣ дубора дар ҷануби Ҳалаб нуқтаҳоеро, ки пештар мухолифон ишғол карда буданд, ба контроли худ даровардаанд.

Бино ба гузоришҳо, дар ин минтақа ҷангҳои шадид идома доранд ва ҳамлаҳои ҳавоӣ низ мушоҳида мешавад.

XS
SM
MD
LG