Пайвандҳои дастрасӣ

Трешэр тиллои аввалини Олимпиадаи Риоро гирифт


Вирҷиния Трешэр дар байн

Вирҷиния Трешэр дар байн

Вирҷиния Трэшер, варзишгари амрикоӣ, барандаи аввалин медали тиллои Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия гардид. Ӯ дар мусобиқа оид ба тирандозӣ аз туфанги пневматикӣ ба масофаи 10 метр мақоми аввалро касб кард.

Варзишгари 19-сола 208 имтиёз ба даст овард, ки ин рекорди нави олимпӣ дар даври ниҳоӣ ё финал маҳсуб мешавад. Барои Трэшер Олимпиадаи Рио-де-Жанейро аввалин мусобиқоти бузурги байналмилалист.

Ҷойи дувумро Ду Ли (207 имтиёз) аз Чин ва ҷойи севумро ҳамватани ӯ И Силин (185,4 имтиёз) соҳиб шуданд. Ду Лии 34-сола қаҳрамони дукаратаи Бозиҳои олимпӣ (2004, 2008), И Силини 27-сола ғолиби Олимпиадаи Лондон-2012 мебошанд.

Дар Олимпиадаи Рио-2016 аввалин рекорди ҷаҳонӣ гузошта шуд, ки он ба Ким У Ҷин аз Кореяи Ҷанубӣ дар риштаи камонварӣ марбут аст.
Дар Бозиҳои олимпии Рио намояндагони 206 кишвари ҷаҳон, ҳамчунин тими паноҳҷӯён иштирок намуда ва дар 28 риштаи варзиш рақобат мекунанд.

Ба ҳайати мунтахаби олимпии Тоҷикистон Дилшод Назаров (варзиши сабук, гурзандозӣ), Комроншоҳи Устопириён ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (ҳарду дар риштаи дзюдо), Анвар Юнусов (бокс), Олим Қурбонов ва Анастасия Тюрина (ҳарду оид ба шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод) ва Кристина Пронженко (давидан ба масофаи 200 метр) – дохиланд.

Аз байни варзишгарони тоҷик аввалин шуда муштзан Анвар Юнусов вориди рақобат мешавад. Бар асоси қуръакашӣ, ки рӯзи 4 август баргузор шуд, рақиби ӯ дар нахустин даври интихобии мусобиқоти бокс дар вазни то 60 кило варзишгари Чин Ҷун Шан мебошад. Ҷун Шан барои Анвар Юнусов ошност. Имсол ҳарду бо ҳам дар вазни то 60 килограмм ду бор рақобат кардаанд. Қувваозмоии аввал дар мусобиқоти интихобии олимпии қораи Осиё дар Чин бо пирӯзии Ҷун Шан хотима ёфта буд.

Дар мусобиқоти ҷаҳонии олимпӣ, ки моҳи июн дар пойтахти Озарбойҷон – шаҳри Боку – баргузор шуд, Анвар Юнусов қасоси бохтро гирифт.
Қувваозмоии ҳарду дар Олимпиадаи Рио бегоҳи 6-уми август соати 17:00 ба вақти маҳаллӣ ва соати 1-и шаби 7-уми август ба вақти Душанбе шурӯъ мешавад.

Тақвими мусобиқоти варзишгарони тоҷик дар Рио-2016:

6-16 август, бокс
Анвар ЮНУСОВ, дар вазни то 56 кг

10 август, дзюдо
Комроншоҳи УСТОПИРИЁН, дар вазни то 90 кг

12 август, дзюдо
Муҳаммадмурод АБДУРАҲМОНОВ, дар вазни +100 кг

11-12 август, шиноварӣ
Олим ҚУРБОНОВ, бо тарзи озод ба масофаи 50 метр миёни мардон

12-13 август, шиноварӣ
Анастасия ТЮРИНА, бо тарзи озод ба масофаи 50 метр миёни занон

15-17 август, варзиши сабук
Кристина ПРОНЖЕНКО, давидан ба масофаи 200 метр миёни занон

17, 19 август, гурзандозӣ
Дилшод НАЗАРОВ

20 август, маросими супурдани медалҳо ба ғолиб ва ҷоизадорони мусобиқаи гурзандозӣ баргузор мешавад.

Нарзуллоҳи Латиф,
Рио-де-Жанейро

XS
SM
MD
LG