Пайвандҳои дастрасӣ

Анкара мегӯяд, ки Ҷон Керрӣ аз Туркия боздид мекунад


Мевлут Човушоғлу

Мевлут Човушоғлу

Мевлут Човушоғлу-вазири корҳои хориҷаи Туркия мегӯяд, интизор меравад, ки Ҷон Керрӣ-вазири корҳои хориҷаи Амрико 24 август аз Туркия боздид кунад. Ин боздид дар ҳоле сурат мегирад, ки Туркия даъво мекунад, ки Фатҳулло Гулен-рӯҳонии турктабори муқими Амрико дар талоши кудетои низомӣ дар Туркия даст дорад.

Баъд аз ин иддао муносибатҳои миёни Анкараву Вашингтон ҳоло сард шудааст.

Вазири хориҷаи Туркия ҳамчунин дар бораи имкони як сафари дигари алоҳидаи Ҷо Байден-муовини раиси ҷумҳури Амрико аз Туркия сӯҳбат кард.

Туркия аз Амрико тақозо кардааст, ки Фатҳулло Гуленро ба Туркия истирдод кунад ва вай ба муҷозот кашонда шавад. Вале Туркия дар ин бора ба таври расмӣ ба Амрико дархост надодааст.

4 август дар Истамбул як додгоҳ ба таври расмӣ иҷозаи боздошти Гуленро содир кард. Гулен барои он муттаҳам мешавад, ки гӯё дар тадоши сарнагун сохтани ҳукумати Раҷаб тайип Эрдуғон даст дорад. Гулен дар посух ҳамаи ин даъвоҳоро рад кард ва мегӯяд, ки дар талоши кудето шарик нест.

XS
SM
MD
LG