Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Қирғизистон корвони ёдбуд ба роҳ баромад


Дар Қирғизистон як корвони мошинҳо ба роҳ баромад. Ин корвон аз шаҳрҳо ва рустоҳо мегузарад ва дар он ҷойҳо хотираи қурбониёнеро пос медорад, ки дар муборизаҳо бар зидди Русияи подшоҳӣ бераҳмона кушта шудаанд.

Ронандагони ин корвон, ки бо кӯмаки давлат ба роҳ баромадааст, аз як ширкати ғайридавлатӣ мебошанд. Онҳо аз як рустои наздики шаҳри Бишкек 4 август ба роҳ баромаданд ва интизор меравад, ки дар муддати чанд рӯз ба шаҳраки Қарокӯл бирасанд.

Ронандагони мошинҳо дар роҳ дар ҳар русто ва шаҳрак таваққуф хоҳанд кард ва номи ононеро мехонанд, ки аз ҳамон ҷо дар задухурдҳо сад соли пеш кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG