Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти расмии Фаронса мегӯянд, сӯхтор дар яке аз қаҳвахонаҳои шаҳри Руани Нормандӣ боиси куштори дастикам 13 нафар шудааст. 6 нафари дигар осеб дидаанд.

Сӯхтор нимашаб дар таҳхонаи қаҳвахона ҳангоми ҷашни зодрӯз рух додааст. Бернар Казнев-вазири корҳои дохилаи Фаронса 6 август гуфт, ки расидагӣ ба ин ҳодиса идома дорад ва сабабҳои сӯхтор таҳқиқ мешавад.

Дар гузоришҳо гуфта мешавад, ки шамъи болои торт сабаби сӯхтор шудааст. Синну соли ҷонбохтагон аз 18 то 25 солро ташкил медиҳад. Эҳтимол меравад, ки онҳо аз гази заҳролудкунанда ҷон дода бошанд.

XS
SM
MD
LG