Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози бразилиягиҳо алайҳи Бозиҳои олимпӣ дар Рио-де-Жанейро


Ҳазорон сокинони Бразилия рӯзи 5 август қабл аз ифтитоҳи Бозиҳои олимпии тобистона дар шаҳри Рио-де-Жанейро алайҳи ин бозиҳо эътироз карданд. Тақрибан 3 ҳазор нафар бо шиорҳои зидди Бозиҳои олимпӣ дар канори меҳмонсарои бошукӯҳи Copacabana Palace, ки он ҷо ширкаткунандагони Рио-2016 ба сар мебаранд, ҷамъ омаданд. Онҳо аз он норозиянд, ки мақомот барои бунёди иншооти олимпӣ беш аз 10 миллиард доллар сарф карданд, дар ҳоле, ки Бразилия ба бӯҳрони иқтисодӣ мувоҷеҳ аст.

Эътирозгарон ҳамчунин хостори истеъфои иҷрокунандаи вазифаи раисиҷумҳур Мишел Темер шуданд, ки қарор аст ба ҷойи президенти муваққатан барканоршуда Дилма Русеф Бозиҳои олимпиро ифтитоҳ кунад.

Маросими ифтитоҳи Бозиҳои тобистонаи олимпӣ шоми 5 август дар варзишгоҳи Марокана бо ҳузури беш аз 78 ҳазор нафар баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG