Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ММТ: "Дар 3 сол ҳеҷ тақаллуб ошкор нашудааст"


Масъулони Маркази миллии тестӣ мегӯянд, ки дар 3 соли фаъолияти ин марказ ягон холати тақаллубу фасод ошкор ва мушоҳида нашудааст. Сабзалӣ Ҷаъфаров, муовини раҳбари Маркази миллии тесӣ рӯзи 5-август зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки бо ин вуҷуд қаллобҳое ҳастанд, ки довталабро фиреб медиханд ва бо гирифтани пул онҳоро бовар мекунонанд, ки дар дохилшавиашон мусоидат мекунанд.

Ҷаноби Ҷаъфаров дар ин нишасти хабарӣ гуфт, тибқи имтиёзе, ки марказ барои довталабони дар артиш хизматкарда пешбинӣ карда буд, беш аз 500 нафар имтиҳон супорида ва 329 нафар дохил шуданд. Ҳамчунин имсол 199 нафар ятим ва 221 маъюб бо имтиёз ба муассисаҳои олии кишвар шомил шудаанд.

Ин масъули Маркази миллии тестӣ гуфт, ки то ба ҳол 13 нафар бо норозигӣ аз натиҷаҳои имтиҳонот аризаи шикоятӣ пешниҳод кардаанд, ки нисбати соли гузашта камтар аст. Ба гуфтаи вай, дар 7 ҳолат мушаххас шуд, ки 1 холи ба назар гирифта нашудааст, зеро довталабон қоидаҳои пур кардани тестро дуруст риоя накарданд ва ин боиси сар задани иштибоҳҳо шудааст.

Дар маҷмӯъ дар озмуни тақсимоти аввал, ки рӯзи 3 август баргузор шуд, 44 ҳазор нафар аз тариқи имтиҳонҳои Маркази миллии тестӣ донишҷӯй шудаанд.

XS
SM
MD
LG