Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эътилофи Чин, Покистон, Афғонистон ва Тоҷикистон зидди тундгароии исломӣ


Покистону Чин солҳо боз ҳамкории низомӣ доранд (Акс аз бойгонӣ)

Покистону Чин солҳо боз ҳамкории низомӣ доранд (Акс аз бойгонӣ)

Покистон, Афғонистон, Тоҷикистон ва Чин эътилофи низомӣ алайҳи тундгароҳои исломиро таъсис карданд. Ба иттилои расмии артиши Покистон, низомиёни воломақоми чаҳор кишвар рӯзи 4 август дар нишасте дар вилояти Шинҷон-Уйғури Чин дар бораи ташкили эътилофи чаҳор кишвар хабар доданд. Гурӯҳи чаҳоргонаи ҳамкориву ҳамоҳангсозӣ ба хотири муқовимати муштарак бо терроризм таъсис шудааст.

Покистону Афғонистон, ду кишвари ҳампаймони Амрико дар мубориза бо терроризм, беш аз даҳ сол боз ба хушунати гурӯҳҳои исломӣ, аз ҷумла, Ал-Қоида ва “Толибон” мувоҷеҳанд.

Тоҷикистон қурбонии мусаллаҳони исломгарои худӣ шуда буд, гуфта шудааст дар хабари расмӣ.

Чин бо гурӯҳҳои мусаллаҳи аққалиятҳои қавмӣ дар вилояти асосан мусалмоннишин ва аммо ғанӣ аз захираҳои нафти Шинҷону Уйғур мубориза барад. Чин ҳамроҳ бо Покистону Амрико аз кишварҳои миёнарав дар музокироти то ҳол ноком миёни ҳукумати Кобул ва ҷунбиши “Толибон” низ ҳаст.

Намояндаи вазорати умури хориҷии ИМА Марк Тонер гуфт, ки Вошингтон таъсиси эътилофро барои минтақа “мусбат” мехонад. “Корҳои бузурге дар пешанд, ки бояд анҷом дода шаванд, афзуд ӯ.

XS
SM
MD
LG