Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ӯзбакистон бародари журналисти Озодиро зиндонӣ кард


Додгоҳе дар Ӯзбакистон рӯзи 4 август бародари як журналисти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодиро бо иттиҳоми марбут ба қочоқи маводи мухаддир ба 8 соли зиндон маҳкум кард. Дар мурофиаи додгоҳии Азиз Юсупов вакили дифое, ки аз ҷониби Хадамоти амнияти миллии Ӯзбакистон таъйин шуда буд, ба гуфтаи хешовандонаш, Юсуповро маҷбур мекард, ки гуноҳҳои нокардаашро эътироф кунад, то ки ҳукми додгоҳ сабуктар шавад.

Муҳокимае, ки ҳамагӣ як рӯз давом кард, аслан шаҳодати гунаҳгор будани Азиз Юсуповро собит накард. Президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ Томас Кент гуфт, ки “ҳамаи ин нишонаи талоши ҳукумат барои тарс додани журналистони РАО/РО барои пахши хабарҳои бидуни сонсурашон роҷеъ ба Ӯзбакистон аст”. Кент он чиро, ки ба гуфтааст "талоши хомӯш кардани даҳони мо" номид, қотеона маҳкум кард.

Юсупов дар сӯҳбат бо РАО/РО гуфт, ки иттиҳомоти зидди ӯ дар давоми бозпурсиҳои зиёд чандин бор иваз шуд ва ҳадаф ҳам боло бурдани ҳукми зиндон будааст. Бори аввал Юсупов моҳи марти соли 2013 аз ҷониби Хадамоти амнияти Ӯзбакистон мавриди тафтиш қарор гирифт. Онҳо шиноснома, компютер ва дигар санадҳои ӯро мусодира карда гуфтанд, ки ин амали онҳо ба кори бародараш дар Радиои Озодӣ ва ҳам мусоҳибаҳояш бо бахши ӯзбакии Радиои Озодӣ марбут аст. Дар ин бозпурсиҳо Юсупов дар тӯҳмат дар ҳақи Ӯзбакистон муттаҳам мешуд.

XS
SM
MD
LG