Пайвандҳои дастрасӣ

Гулен ҳукми додгоҳро "намунаи мустабидии Эрдуғон" номид


Фатҳуллоҳ Гулен

Фатҳуллоҳ Гулен

Фатҳуллоҳ Гулен, рӯҳонии маъруфи турк, ки дар аёлати Пенсилванияи ИМА ба сар мебарад, ҳукми додгоҳи Истамбулро танқид кард ва онро як намунаи мустақил набудани низомӣ додгоҳӣ дар Туркия ва баёнгари мустабидиву дур аз демократия будани сиёсати раисиҷумҳур Раҷаб Тайиб Эрдуғон номид.

Додгоҳи шаҳри Истамбул рӯзи 4 август дастури боздошти Гуленро содир кард, ки ба гуфтаи Анкара, фармони табаддулоти давлатии шоми 15 июлро содир кардааст. Гулен даст доштанаш дар кӯшиши табаддулоти давлатӣ дар Туркияро рад мекунад.

Ҳаракати таҳти раҳбарии Фатҳуллоҳ Гулен даъво дорад, ки дар Туркия танҳо ба фаъолияти хайрия машғул аст.

Анқара аз Вошингтон талаб дорад, ки Гулен ба туркия истирдод шавад, аммо дархости расмиро ба мақомоти ИМА ҳанӯз нафиристодааст. Аз ин пеш ба Вошингтон бастаи аснод дар бораи кӯшиши табаддулоти давлатии гурӯҳи низомиёни турк ирсол шуд, ки он, ба ақидаи Анқара, даст доштани Гулен дар ин кудатои низомиро собит мекунад.

Аз ин пеш вазири умури хориҷаи ИМА Ҷон Керри гуфта буд, ки Вошингтон дархости истирдоди Гуленро баррасӣ мекунад, вале бояд дар бораи даст доштани ӯ дар кудатои низомӣ далелҳои мӯътамадро дар ихтиёр дошта бошад.

Рӯзи панҷшанбе президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон гуфт, ҳамаи ширкатҳои хусусии марбут ба мухолифонро аз дороиҳояшон маҳрум мекунад. Эрдуғон ҳамаи созмонҳои марбут ба Гюленро "лонаи терроризм" номид.

XS
SM
MD
LG