Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Давлатзода: Палатаи ҳисоб беш аз 41 миллион сомонӣ зарарро ошкор кард


Дилмурод Давлатзода

Дилмурод Давлатзода

Дилмурод Давлатзода, раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон, рӯзи 5 август дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, ин ниҳод дар шаш моҳи соли ҷорӣ 215 санҷиши аудитӣ гузаронда ва ба маблағи 41 миллиону 338 ҳазор сомонӣ зарари молиявиро ошкор кардааст. Ба гуфтаи ӯ, зарарҳои ошкоршуда - ҳароҷоти ғайриқонунии пулию молӣ, камомад, тасарруфи маблағ, изофанависӣ, рӯпӯш кардани андозанд.

Раиси Палатаи ҳисоб афзуд, ҳангоми аудит дар нерӯгоҳи Норак маълум шуд, ки ҳангоми насби дастгоҳи тақсимкунаки кушоди 500КВТ ҳудуди 8 миллион сомонӣ ба ҷайби дигарон рафтааст. Дар корҳои бозсозии нақби Истиқлол ҳам нозирони Палатаи ҳисоб беш аз 4 миллион сомонӣ зарари молияаиро ошкор кардаанд. Натиҷаҳои тафтиш ба Додситонии кулл ва Оҷонси назорати молиявӣ ва зидди фасод ирсол шудааст.

XS
SM
MD
LG