Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Кохи Ҷомӣ" дар маркази Душанбе тахриб шуд


Мақомоти шаҳрдории Душанбе аз рӯзи 4 август тахриби маҷмааи “Кохи Ҷомӣ”, воқеъ дар маркази пойтахтро оғоз кардаанд.

Дар меҳвари ин маҷмаа синамотеатри “Ҷомӣ” қарор дорад, ки аз аввалин кинотеатрҳои Душанбе буда ва беш аз 60 сол умр дошт.

Масъулони Раёсати меъморӣ ва сохтмони шаҳри Душанбе рӯзи ҷумъаи 5 август гуфтанд, ки ҷои маҷмааи “Кохи Ҷомӣ” гулзор хоҳад шуд, ки ба майдони "Дӯстӣ" ва муҷассамаи Исмоили Сомонӣ мепайвандад.

Синамотеатри “Ҷомӣ” 5 октябри соли 1956 бунёд шуда ва нахустин кинотеатр дар Тоҷикистон буд. Ин гуна синамотеатр дар он замон танҳо дар чаҳор шаҳри Иттиҳоди Шӯравии собиқ – Маскав, Ленинград, Киев ва Ростов вуҷуд дошт.

Тахриби кинотеатри “Ҷомӣ” дар ҳолест, ки қаблан Театри русии ба номи Маяковскийро хароб карданд ва фаъолияти ин муассисаи фарҳангиро ба кинотеатри “Тоҷикистон” кӯч дода шуд. Ҳамакнун гуфта мешавад, барномаҳои консертӣ ва намоиши филмҳо аз “Кохи Ҷомӣ” ба Филармонияи давлатӣ кӯчидаанд.

Гузашта аз ин, кормандони дастгоҳи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон низ ба бинои нав дар рӯбарӯи Китобхонаи миллӣ рафтаанд, ки қаблан аз он бинои нави Кумитаи андоз ном бурда мешуд.

Як манбаъ гуфт, зоҳиран бинои куҳнаи дастгоҳи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, ки дар замони Шӯравӣ бо номи ЦКА маъруф буд, тахриб нашуда, фақат таъмиру тармим хоҳад гардид.

XS
SM
MD
LG