Пайвандҳои дастрасӣ

Порис афғони таҳиягари ҳамлаи террористиро меҷӯяд


Хадамоти кашфи Фаронса рӯзи 4 август акси як зодаи Афғонистонро паҳн карданд, ки дар таҳияи ҳамлаи террористӣ дар Порис гумонбар мешавад. Ба иттилои хабаргузории Reuters, ин мард ду моҳ пеш ҳамчун паноҳанда вориди Фаронса шудааст.

Хабаргузорӣ менависад, ки чанд рӯз пеш аз ҳамла ба ибодатгоҳи католикҳо дар Нормандия мақомоти амниятии кишварҳои гуногун ҳамтоҳои фаронсавии худро аз таҳия шудани ҳамлаи нав огаҳ карда, аксҳои террористҳои эҳтимолиро фиристода буданд. Баъдтар маълум шуд, ки хадамоти кашфи хориҷӣ яке аз ҳамлагаронро дуруст муқаррар карда будаанд.

Баъд аз ҳамлаҳои террористӣ дар Порис, ки моҳи ноябри соли гузашта сурат гирифтанд, дар Фаронса вазъи фавқулодда ҷорист. Дар пойтахт дар робита ба як ҷашнвора, ки қарор аст дар он издиҳоми бузург ширкат кунад, чораҳои амниятӣ шадидтар карда шудаанд.

XS
SM
MD
LG