Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои Аврупо аз Туркия хост, ки ҳуқуқи инсонро поймол накунад


Турбёрн Ягланд
Турбёрн Ягланд

Шӯрои Аврупо аз Туркия даъват кард, ҳуқуқи инсонро поймол насозад ва ҳангоми ба ҷавобгарӣ ҷалб кардани муттаҳамоне, ки дар кӯшиши табаддулоти давлатӣ даст доштанд, принсипи волоияти қонунро риоя намояд.

Турбёрн Ягланд, Дабири кулли Шӯрои Аврупо, ки дар Анқара ҳузур дорад, дар як нишасти хабарии муштарак бо вазири корҳои хориҷии Туркия Мавлуд Чавушоғлу рӯзи 4 август гуфт, чигунагии таъсиси як шабакаи азим аз сӯи шӯришгарон дар сохторҳои артиш ва низоми додгоҳии Туркия, боиси ҳайрати Аврупо аст.

Янгланд ягона намояндаи баландмақоми Аврупост, ки баъди шӯриши мусаллаҳонаи шаби 15 ба 16 июл нахустин шуда ба Туркия сафар кардааст.

Анқара ҷонибдорони рӯҳонии турк Фатҳуллоҳ Гуленро, ки дар ИМА ба сар мебарад, дар ташкили ин табаддулот айбор мекунад. Худи Гулен даст доштанашро дар ин табаддулот рад кардааст.

Дар Туркия аллакай бештар аз 10 ҳазор нафар боздошт ва тақрибан 70 ҳазор хизматчии давлатӣ, кормандони пулис ва низомиён аз мақом барканор шудаанд. Дар кишвар вазъи фавқулодда эълон шудааст.

XS
SM
MD
LG