Пайвандҳои дастрасӣ

Хабаргузории РИА Новости менависад, президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, муаллифи даҳҳо китоб, ки панҷ китобаш соли ҷорӣ нашр шудааст, давоми рухсатии меҳнатиаш ду китоби дигар таҳия кардааст.

Яке аз ин китобҳо ба таърихи пайдоиши миллати турк, дувумаш ба решаҳои сулҳхоҳӣ, ҳувияти маънавӣ ва таҳаммулгароии мардуми турк рабт дорад.

Расонаҳои маҳаллӣ менависанд, ки "китобҳо дар заминаи таҳқиқи амиқ ва омӯзиши маълумот дар бораи намунаҳои таърихии истифодаи санъати дипломатии мардуми турк, ки на танҳо дар дастхатҳо сабт шуда, балки дар асарҳои бадеӣ низ инъикос ёфтаанд, таълиф шудаанд".

Президенти Туркманистон аз 25 июл ба ин сӯ дар рухсатии меҳнатист. Аз ибтидои соли ҷорӣ то кунун Бердимуҳаммадов панҷ китоб нашр кардааст.

XS
SM
MD
LG