Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар ҳамла дар Ҳирот шаш сайёҳи хориҷӣ маҷрӯҳ шуд


Сайёҳони хориҷӣ ба ёдгориҳои таърихии Афғонистон таваҷҷуҳи зиёд доранд. Бомиён. (Акс аз бойгонӣ)

Сайёҳони хориҷӣ ба ёдгориҳои таърихии Афғонистон таваҷҷуҳи зиёд доранд. Бомиён. (Акс аз бойгонӣ)

Сайёҳони хориҷӣ, ки аз сӯи низомиёни афғон роҳбаладӣ мешуданд, дар вилояти Ҳирот, воқеъ дар ғарби Афғонистон, мавриди ҳамла қарор гирифтанд.

Ҷилонӣ Шариф, сухангӯи волии вилояти Ҳирот гуфт, дар ин ҳамлаи ғофилгирона, ки рӯзи 4 август дар мавзеъи Чашти Шариф, сурат гирифт, дасти кам шаш сайёҳ ва як ронандаи афғон ҷароҳат бардоштаанд.

Ба гуфтаи ӯ, сайёҳон – ҳашт бритониёвӣ, се амрикоӣ ва як шаҳрванди Олмон баъд аз сафар ба вилоятҳои Бомиёну Ғӯр ба Ҳирот бармегаштанд.

Масъулияти ҳамларо ягон гурӯҳ бар ӯҳда нагирифтааст. Аммо мақомоти расмии Афғонистон ангушти иттиҳом сӯи толибон карданд, ки дар фасли гармо ҳамлаҳои худро алайҳи нерӯҳои маҳалливу хориҷӣ ва мансабдорони ҳукуматӣ густариш додаанд.

XS
SM
MD
LG