Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Қирғизистон ҳаракати зидди тағйири Сарқонун ташкил шуд


Kyrgyzstan - opposition round table about Constitution, Bishkek, 2 Aug 2016

Kyrgyzstan - opposition round table about Constitution, Bishkek, 2 Aug 2016

Дар Қирғизистон бархе аз гурӯҳҳои сиёсӣ ва фаъолони шаҳрвандӣ зидди тағйир додани Сарқонун ё Конститутсия ҳастанд. Онҳо мегӯянд, ҳукумати феъдӣ ният дорад нуфузи худро тавассути раъйпурсӣ ҳифз кунад. Ин афрод зидди ғасби ҳукумат ҳаракате ташкил кардаанд.

Тавре додрас пешини Палатаи конститутсионӣ Клара Сооронқулова мегӯяд, мақомот мехоҳнад тағйирот ба Конститутсияро аз роҳи поймолсозии қонунҳо ворид созанд. Вай бар ин назар аст, ки бояд нахуст машварати конститутсионӣ таъсис гардад ва дар муҳокимаи умум гузошта, баъдан тағйирот ворид карда шавад.

Вакили порлумони он кишвар Чолпон Ҷакупова гуфтааст, дар порлумон бо истифода аз фишор барои ворид кардани тағйирот ба Қонуни асосӣ имзо ҷамъ мекунанд.

Фаъолон ва шахсиятҳои сиёсӣ дар Қирғизистон зидди тағйири Констутитсия як гурӯҳи кории махсусе ташкил кардаанд. Ин гурӯҳ ният дорад, ки ба навоҳӣ сафар карда, бо сокинон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронад.

Нуктаи асосии тағйирот ба Қонуни асосии Қирғизистон густариши салоҳиятҳои ҳукумат ва тезонидани ислоҳоти додгоҳӣ унвон мешавад. Қарор аст раъйпурсӣ тирамоҳи имсол баргузор шавад.

XS
SM
MD
LG