Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Киев ба таъини Бабич дар мақоми сафири Русия ризоият надод


Михаил Бабич айни ҳол намояндаи президенти Русия дар Минтақаи федеролии Волга аст
Михаил Бабич айни ҳол намояндаи президенти Русия дар Минтақаи федеролии Волга аст

Украина аз таъини Михаил Бабич дар мақоми сафири Русия дар Киев сарпечӣ кард. Дар ин бора муовини вазири умури хориҷии Украина Елена Зеркал дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии "5 канал" хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, Киев музокирот дар бораи сафири Русия дар кишвар таъин шудани Бабичро идома нахоҳад дод.

Мақомоти Украина изҳор намуданд, ки набудани сафир ба рушди равобит миёни ду кишвар таъсире нахоҳад кард. Хонум Зеркал афзуд, ки Украина ҳам имкони фаъолияти мӯътадил дар Русияро надорад.

Аз ин пеш узви кумитаи умури хориҷии Верховная Рада Владимир Арйев гуфта буд, ки “дар шароити идомаи таюовузи Русия алайҳи Украина” таъини сафири Русия номумкин аст.

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, рӯзи 28 июл Михаил Зурабовро аз мақоми сафири кишвар дар Украина барканор намуд. Зурабов тайи ҳафт соли ахир раҳбарии идораи дипломатии Русия дар Киевро бар ӯҳда дошт.

Як рӯз баъд аз барканории Зурабов Маскав хостори ризояти пешакии Киев барои сафири кишвар дар Украина таъин крадани Михаил Бабич шуда буд.

Украина сафираш дар Русия Владимир Елченкоро баҳори соли 2015 бозхонда буд.

XS
SM
MD
LG