Пайвандҳои дастрасӣ

Эстафетаи машъали олимпӣ дар Рио ба эътироз рӯ ба рӯ шуд


Машъали олимпӣ баъди тай шудани 20 ҳазор километр аз қаламрави Бразилия, яке аз бузургтарин кишварҳои олам, рӯзи 3 август тавассути киштӣ ба шаҳри Рио-де-Жанейро расид.

Мири шаҳр Эдуардо Паес машъали олимпӣ дар даст чанд хиёбонро тай зад. Аммо дар шимоли шаҳр эстафетаи машъалаи олимпӣ бо намоиши эътирозӣ рӯ ба рӯ шуд – тазоҳургарон аз сарфи маблағи бузург барои ташкили Бозиҳои олимпӣ итзҳори норозигӣ карданд.

Кормандони полис эътирозгаронро бо истифода аз гази ашковар ва тирҳои резинӣ пароканда карданд. Ба навиштаи хабаргузориҳо, аз тирҳои резинӣ се нафар, аз ҷумла, як духтараки 10-сола осеб диданд.

Бразилия ба бӯҳрони иқтисодӣ мувоҷеҳ шудааст ва қарор аст, ки дар арафаи ифтитоҳи Бозиҳои тобистонаи олимпӣ рӯзи 5 август эътирозҳо густариш ёбанд.

Ба гуфтаи созмондиҳандагони Бозиҳои олимпӣ, айни ҳол тақрибан як миллион билет – тақрибан 20 дар сади ҳамаи билетҳои барои тамошои қувваозмоиҳо пешбинишуда бехаридор мондаанд.

XS
SM
MD
LG