Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мири Лондон Содиқ Хон рӯзи 4 август аз сокинони шаҳр даъват кард, ки баъд аз ҳамла дар маркази пойтахти Бритониё аз оромӣ ва ҳушёрӣ кор бигиранд.

Шоми чаҳоршанбе як ҷавони 19-сола ба одамони дар майдони Рассел-Сквер ҷамъомада бо корд ҳамла кард, Дар натиҷа як зан кушта шуд ва панҷ нафар ҷароҳат бардоштанд. Ду нафар аз маҷрӯҳон то ҳол дар бемористонанд.

Ҳамлагар аз сӯи кормандони полис дастгир шуд. Дар чаҳорчӯби тафтиши ҳамла мавзӯи ҳампаймон доштан ё надоштани ҳамлагар ҳам баррасӣ мешавад.

Мақомоти полис фарзияи ҳамлаи террористиро байид намедонанд ва аммо ҳадс мезананд, ки шояд ҳамлагар ба маризии рӯҳӣ мубтало аст.

Содиқ Хон гуфт, ки кормандони полис кори бузургеро анҷом доданд ва таъмини амнияти сокинони Лондон барои онҳо дар авлавият қарор хоҳад дошт.

Баъд аз ҳамла дар минтақае, ки он ҷо Осорхонаи Бритониё ва Донишгоҳи Лондон ҷойгир шудааст, теъдоди бузурги кормандони полис мустақар карда шуданд.

XS
SM
MD
LG