Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ихроҷи ҳудуди 600 муҳоҷир аз ду вилояти Русия


Гурӯҳи муҳоҷирони ихроҷшуда дар фурудгоҳи Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Гурӯҳи муҳоҷирони ихроҷшуда дар фурудгоҳи Душанбе. Акс аз бойгонӣ

Хадамоти приставҳои Бошқирдистон мегӯяд, аз аввали сол аз ин ҷумҳурии Русия 299 муҳоҷирро ихроҷ кардаанд. 172 нафари онҳо аз Узбакистон ва 57 тан аз Тоҷикистон будаанд. Ҳамзамон, хадамоти приставҳои вилояти Брянск аз ихроҷи 288 муҳоҷири ғайриқонунӣ дар соли 2016 хабар дода, гуфтааст, ки аксари онҳо аз Узбакистону Тоҷикистон ва Украина мебошанд. Роҳи сафар ба ин муҳоҷирон, ки ба поймол кардани қоидаҳои будубош дар ин кишвар айбдор шудаанд, барои 5 соли оянда баста мешавад. Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, беш аз 330 ҳазор аз шаҳрвандони тоҷик ба далели ихроҷу берункунӣ аз ҳаққи сафар ба Русия маҳрум шудаанд.

XS
SM
MD
LG