Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти хадамоти федеролии зиндонҳои Русия (ФСИН) мегӯяд, як шаҳрванди Тоҷикистон мехост бо худ ба зиндони рақами шашум дар минтақаи Стенкинои вилояти Рязан маводи мухаддири навъи ҳашиш бидарорад, вале дастгир шуд. Ҳангоми вуруд аз ӯ 1,5 грамм ҳашиш пайдо кардаанд. Кофтукоби баъдии мошини ӯ боз беш аз 80 грамм ҳашиши дигарро ба дасти маъмурони ФСИН овард. Мақомот бар инанд, ки ин нафар ба таъмини маҳбусон бо маводи мухаддир машғул буд. Алайҳи ӯ парванда боз кардаанд.

XS
SM
MD
LG