Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

СММ мегӯяд, шумори қурбониёни мулкӣ дар ҷангҳо дар шарқи Украина ба сатҳи баландтарини соли гузашта бармегардад. Дар набардҳо байни нирӯҳои давлатии Украина ва ҷудоиталабони таҳти ҳимояти Русия аз моҳи апрели соли 2014 ба ин сӯ 9400 нафар ҷон бохтаанд. Дафтари ҳуқуқи башари СММ рӯзи 3 август гуфт, танҳо дар моҳи июн 69 мавриди осеб дидани мардуми мулкӣ, аз ҷумла 12 мавриди ҳалокати онҳоро сабт кардааст. Ин ду маротиба бештар аз моҳи май ва баландтарин рақам аз моҳи августи соли 2015 ба ин сӯст. Дар моҳи июл дар шарқи Украина алакай 73 нафари мулкӣ осеб дида, аз ҷумла 8 тан кушта шудаанд. Оташбаси Минск, ки дар феврали соли 2015 имзо шуд, хатми даргириҳоро дар шарқи Украина ба ҳҳадаф дошт, вале бисёре аз нуқтаҳои калидии ин қарордод то ҳол иҷро нашудаанд.

XS
SM
MD
LG