Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти Амрико+Осиёи Марказӣ оғоз мешавад


Акс аз нишасти 5+1 дар Самарқанд
Акс аз нишасти 5+1 дар Самарқанд

Рӯзи 3 август вазири хориҷаи Амрико Ҷон Керри вазирони хориҷаи 5 кишвари Осиёи Марказиро дар Вашингтон ба ҳузур мепазирад. Нишасти вазирони хориҷаи Амрико ва Қазоқистону Қирғизистон, Узбакистон, Туркманистон ва Тоҷикистон дар чорчӯби 5+1 масоили амнияти минтақа, иртибототи иқтисодӣ, муҳити зист, тағйири иқлим ва масоили башариро баҳс хоҳанд кард. Керри бо меҳмононаш ҳамчунин 5 тарҳи пешниҳодиеро, ки гурӯҳҳои корӣ баъди нахустин нишасти моҳи ноябри соли 2015 дар Самарқанди Узбакистон таҳия кардаанд, бо ҳам дар миён мегузоранд. Баъди анҷоми нишаст муовини вазири хориҷаи Амрико Энтони Блинкен барои вазирони Осиёи Марказӣ ва раҳбарони марказҳои таҳлилии Амрико зиёфат дода, зимни он назари тарафҳо дар бораи рушди ин минтақа дар асри 21-ро хоҳанд шунид. Сипас Утоқи тиҷорати Амрико бо ширкати ин 5 вазир ва сарони ширкатҳои бузурги амрикоӣ ба манзури баҳси имконот ва чолишҳои мавҷуда барои расидан ба як Осиёи Марказии шукуфо ҳамоиши тиҷоратие доир мекунад. Утоқи тиҷоратӣ ҳамчунин ба шарафи 25-солагии истиқлоли кишварҳои Осиёи Марказӣ як чорабинии фарҳангӣ баргузор хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG