Пайвандҳои дастрасӣ

Туркия: Покистон мактабҳои Гуленро бандад


Мавлуд Човушуғлу ва Сартоҷ Азиз

Мавлуд Човушуғлу ва Сартоҷ Азиз

Покистон гуфт, шабакаи мактабҳои марбут ба рӯҳонии турки муқими Амрико Фатҳулло Гуленро таҳқиқ мекунад. Туркия аз Покистон хостааст, мактабҳои марбут ба Гуленро, ки ба даст доштан дар кӯшиши нокоми табаддулоти низомии рӯзи 15 июл айбдор мешавад, бубандад. Аммо Сартоҷ Азиз, раҳбари сиёсати хориҷии Покистон рӯзи 2 август баъди мулоқот бо вазири хориҷаи Туркия Мавлуд Човушуғлу дар Исломобод аз бастани ин мактабҳо худдорӣ кард. Човушуғлу гуфт, ӯ дар ин дидор изҳори умед кардааст, ки мактабҳои марбут ба Гулен ва ҷунбиши ӯ, ки вазири турк “созмони террористӣ” унвонаш кард, баста мешаванд. Гулен ҳар навъ даст доштанаш дар кудатои моҳи гузаштаро, ки беш аз 230 кушта ба ҷо гузошт, рад мекунад. Дар 25 мактабу коллеҷи таҳти идораи созмони Гулен дар Покистон ҳудуди 11 000 нафар таҳсил ва ҳудуди 900 покистонӣ дар ин мактабҳо кор мекунанд. Ҷунбиши Гулен дар 160 кишвари ҷаҳон силсилаи мактабҳоро мечархонад. Қирғизистон ҳафтаи гузашта Туркияро барои дархосташ ба бастани мактабҳои Гулен мазаммат карда буд.

XS
SM
MD
LG