Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзи мурофиаи журналистон эълон шуд


Саидқозӣ Матаев

Саидқозӣ Матаев

Додгоҳи ноҳияи Эсили шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон рӯзи 3 август баъди шунидани парвандаи Саидқозӣ Матаев, раҳбари Иттифоқи журналистони Қазоқистон ва маҳфили миллии матбуот ва писари ӯ Асет, раҳбари хабаргузории ҚазТАГ, 23 августро ҳамчун рӯзи оғози мурофиаи онҳо таъин кард. Додгоҳ дархости дар ивази гарав раҳо кардани Матаевҳоро рад кард. Матаев ва писари ӯ моҳи феврал боздошт шуда, сипас таҳти ҳабси хонагӣ қарор гирифтанд.

Онҳо ба тахаллуфоти молӣ ва Саиджқозӣ Матаев ҳамчунин ба сарпечӣ аз пардохти андоз айбдор мешаванд. Ҳарду ҳар навъ кӯтоҳиро дар корашон рад мекунанд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ иттиҳомоти эълоншуда алайҳи ин ду журналисти қазоқро ҳомили ангезаҳои сиёсӣ номида, маҳкум мекунанд.

XS
SM
MD
LG