Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боз як озмоиши мушакии Кореяи шимолӣ


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Кореяи шимолӣ барои бори аввал дар наздикии обҳои Ҷопон боз ҳам бар хилофи таҳримоти СММ мушаки раҳбурдиашро партоб кардааст. Ҷопон гуфт, қисмати асосии мушак дар минтақаи иқтисодии истисноии ин кишвар афтодааст. Сарвазири Ҷопон Шинзо Абэ партоби мушаки Кореяи шимолиро “амали хашмовар” ва “таҳдиди бузург” барои Ҷопон номид ва гуфт, Токио ба ин “шадидан эътироз мекунад.” Мушаки миёнапарвози навъи Rodong баъди партобаш дар субҳи 3 август тақрибан 650 мил парвоз карда, дар баҳри Ҷопон фуруд омад. Фармондеҳи ситоди кулли артиши Кореяи ҷанубӣ гуфт, ин амал азми Кореяи шимолӣ барои “ҳамлаи мустақим ва густарда ба кишварҳои ҳамсояро намоиш медиҳад.” Фармондеҳи стратегии Амрико гуфт, ду мушакро ташхис карда, ки якеаш билофосила баъди партоб таркидааст. Сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико Анна Ричи-Аллен гуфт, “мо барои ҳимояти худ ва муттаҳидонамон аз ҳар навъ ҳамла ё иғво омода боқӣ мемонем.” Кореяи шимолӣ моҳи гузашта низ се мушакеро партоб карда, ки баъди беш аз 300 километр парвоз ба баҳр афтоданд.Моҳи гузашта Амрикову Кореяи ҷанубӣ аз азмашон барои сохтани як шабакаи зиддимушакии тавоно хабар доданд. Пхенян дар вокуниш таҳдид кард, ки ба ин нақша “посухи ҷисмонӣ” хоҳад дод.

XS
SM
MD
LG