Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пуштибонии Бах аз тими олимпии Русия


Томас Бах

Томас Бах

Раиси Кумитаи байналмилалии олимпӣ Томас Бах хостори бозбинии низоми ҷаҳонии зидди допинг шуд ва гуфт, тамоми варзишгарони Русияро набояд аз ширкат дар Олимпиадаи Рио-де-Жанейро манъ кунанд. Бах бори дигар аз Оҷонсии ҷаҳонии зидди допинг (WADA) барои иттиҳомоти ҷиддӣ алайҳи барномаи допинги таҳти ҳимояти давлати Русия ва танҳо як ҳафта қабл аз шурӯи Олимпиадаи Рио ба Кумитаи байналмилалии олимпӣ ироа кардани ин маълумот интиқод кард. Ин кумита ва федеросиюн ба ин далел маҷбур шудаанд, дар як муддати кӯтоҳ масъалаи ширкати 387 варзишгари Русия дар Бозиҳои олимпиро баррасӣ кунанд. Крейг Риди, раҳбари WADA интиқодҳои бахши аъзами Кумитаи олимпиро пазируфт, вале гуфт, манъи дастикам 117 аз 387 варзишгари Русия аз ширкат дар Олимпиадаи Рио дар амри ҳалли масъалаи барномаи допинги ин кишвар ҳанӯз кофӣ нест.

XS
SM
MD
LG