Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аъзои ҲХДТ ба 480 ҳазор нафар расидааст


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Раҳбарияти ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон мегӯянд, ки теъдоди аъзои онҳо ба 480 ҳазор нафар расидааст. ​Усмон Солеҳ, сухангӯи ҲХДТ, рӯзи 3 август гуфт, танҳо дар як соли охир беш аз 230 ҳазор нафар ва асосан ҷавонон ба сафи онҳо пайвастаанд. Ҳизби ҳокими халқӣ-демократиӣ дар миёни 7 ҳизби сиёсии Тоҷикистон аз бузургтаринҳо ба ҳисоб рафта, баъди мамнӯъ шудани фаъолияти ҳизби наҳзати исломӣ рақиб надорад. Дар ҳоли ҳозир аз 63 курсии Маҷлиси Намояндагон 44 курсӣ насиби аъзои ин ҳизб буда, аксари масъулони идораҳои давлатӣ низ аъзои замин ҳизбанд.

XS
SM
MD
LG