Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баста шудани беш аз 100 сомонаи ДИИШ ва фаҳшо


Феҳристи сомонаҳое, ки Тоҷикистон бастааст
Феҳристи сомонаҳое, ки Тоҷикистон бастааст

Масъулони Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мегӯянд, ки дар тӯли як соли охир ҳудуди 30 сомонаи марбут ба гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” ва беш аз 100 торнамои порнографӣ (фаҳшо) дар қаламрави Тоҷикистон баста шудаанд. Аммо Ҷонибек Дадоматов, як масъули Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, рӯзи 3 август дар робита ба масдуд кардани сайтҳои хабарӣ, аз ҷумла торнамои Радиои Озодӣ, “Азия-Плюс” ва ғайра гуфт, “хадамот ҳеҷ сайти хабариро набастааст”. Ба гуфтаи Дадоматов, Хадамоти алоқа ин масъаларо ҷиддӣ мегирад ва мушаххас хоҳад кард, ки бо айби кӣ сомонаҳои хабарӣ баста шудаанд.Ин дар ҳолест, ки дар гузашта масъулони Хадамоти алоқа сабаби сайтбандиҳоро асосан мушкили фаннӣ (техникӣ) мегуфт.

XS
SM
MD
LG