Пайвандҳои дастрасӣ

Парчами Тоҷикистон дар Деҳаи олимпӣ барафрохта шуд. АКС


Дар як маросими ботантана, ки шаби душанбеи 1 август барпо гардид, Парчами давлатии Тоҷикистон дар Деҳаи олимпии Рио-2016 барафрохта шуд.

Дар маросими ботантанаи барафрохтани парчамҳои миллии чаҳор кишвар - Булғористон, Ветнам, Гренада ва Тоҷикистон - нахуст раиси Деҳаи олимпии Рио-де-Жанейро Ҷанет дус Сантус Аркаин, қаҳрамони ҷаҳон ва ҷоизадори Бозиҳои олимпӣ дар ҳайати мунтахаби Бразилия оид ба баскетбол, суханронӣ кард. Ӯ ҳайатҳои ҳар чор кишварро, ки барои ширкат дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ ба Бразилия омадаанд, хайра мақдам гуфт ва барояшон муваффақият орзу намуд.

Баъдан хонум Аркаин ба раҳбарони ҳайатҳои Булғористон, Ветнам, Гренада ва Тоҷикистон тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим кард. Дар навбати худ аз номи ҳайатҳо ба раиси Деҳаи олимпӣ тӯҳфаҳо эҳдо шуд.

Тӯҳфаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистонро ба Ҷанет Аркаин котиби генералии КМОТ Баҳрулло Раҷабалиев супурд. Таҳти садои сурудҳои миллии Булғористон, Ветнам, Гренада ва Тоҷикистон бо навбат парчамҳои миллии ин кишварҳо барафрохта шуданд.

Ҳунарпешагони бразилӣ дар оғозу анҷоми чорабинӣ бо суруду рақсҳои ҷолиби худ ба маросим шукӯҳу шаҳомати хоса бахшиданд.
Бояд гуфт, ки барафрохтани парчамҳои миллӣ дар Деҳаи олимпӣ яке аз чорабиниҳои куҳантарин ва муҳимтарини рамзӣ дар Бозиҳои олимпӣ маҳсуб мешавад.

Дар ин чорабинӣ ҳамаи 15 нафар аъзои ҳайати олимпии Тоҷикистон, ки дар ҳамин ҳол дар Деҳаи олимпӣ ба сар мебаранд, ширкат карданд.
Маросими барафрохтани парчамҳои давлатии кишварҳои ширкаткунандаи Бозиҳо, ки пеш аз маросими ифтитоҳи расмии Бозиҳои олимпӣ барпо мегардад, аз омодагии олимпичиёни кишвар ба Бозиҳо дарак медиҳад.

Дар айни ҳол аз ҳафт варзишгари тоҷик, ки ба ҳайати мунтахаби олимпии кишвар дохиланд, шаш нафар - Комроншоҳи Устопириён ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (ҳарду дар риштаи дзюдо), Анвар Юнусов (бокс), Олим Қурбонов ва Анастасия Тюрина (ҳарду оид ба шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод), инчунин Кристина Пронженко (давидан ба масофаи 200 метр) бо мураббиёни худ дар Деҳаи олимпӣ зиндагӣ ва машқ мекунанд.

Гурзандоз Дилшод Назаров ва ду мураббиаш рӯзи 3 август ба Рио-де-Жанейро меоянд. Зимнан, Дилшод Назаров парчамбардори Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ мебошад. Ин маросими пуршукӯҳ 5 август дар варзишгоҳи “Маракана”-и Рио-де-Жанейро баргузор мешавад. Олимпиадаи навбатӣ барои Дилшод Назаров чорумин ба шумор меравад.

Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия аз 5 то 21 август барпо мегарданд. Дар назар аст, ки дар ин Бозиҳо беш аз 10 ҳазор варзишгар аз 206 кишвар ширкат мекунанд. Дар қиёс бо Бозиҳои XXX тобистонаи олимпии соли 2012-ум дар Лондон ба барномаи Олимпиадаи Рио-2016 ду намуди нави варзиш – голф ва регби-7 – дохил шудаанд.

Бояд тазаккур дод варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистони соҳибистиқлол сар аз соли 1996 ширкат меварзанд. Ба ин тартиб, барои шашумин бор аст, ки Тоҷикистонро дар Бозиҳои олимпӣ беҳтарин варзишгарони кишвар намояндагӣ мекунанд.

Тақвими мусобиқоти варзишгарони тоҷик дар Рио-2016:

6-16 август, бокс
Анвар ЮНУСОВ, дар вазни то 56 кг

10 август, дзюдо
Комроншоҳи УСТОПИРИЁН, дар вазни то 90 кг

12 август, дзюдо
Муҳаммадмурод АБДУРАҲМОНОВ, дар вазни +100 кг

11-12 август, шиноварӣ
Олим ҚУРБОНОВ, бо тарзи озод ба масофаи 50 метр миёни мардон

12-13 август, шиноварӣ
Анастасия ТЮРИНА, бо тарзи озод ба масофаи 50 метр миёни занон

15-17 август, варзиши сабук
Кристина ПРОНЖЕНКО, давидан ба масофаи 200 метр миёни занон

17, 19 август, гурзандозӣ
Дилшод НАЗАРОВ

20 август, маросими супурдани медалҳо ба ғолиб ва ҷоизадорони мусобиқаи гурзандозӣ баргузор мешавад.

Нарзуллоҳи Латиф,
Рио-де-Жанейро

XS
SM
MD
LG