Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Занозании ҷавонони тоҷику қазоқ дар Шимкент


Дар деҳае дар канораи шаҳри Шимкенти Қазоқистон ҷавонони маҳалии тоҷик ва қазоқи занозанӣ кардаанд.

Моҷаро рӯзи 31 июл баъди овозаҳо дар бораи аз сӯи ҷавони тоҷик таҷовуз шудани духтари ноболиғи қазоқ сар задааст. Ба навиштаи баъзе хабаргузориҳо, айни ҳол гуруҳи бузурги кормандони пулис атрофи русторо муҳосира кардаанд, то аз вуруди сокинони мавзеъҳои дигар ва идомаи моҷаро ҷилавгирӣ шавад.

Куанишбек Қорӣ, раиси дафтари Радиои Озодӣ дар шаҳри Алмаато, бо такя ба иттилои муовини роҳбари раёсати умури дохилии вилояти Қазоқистони Ҷанубӣ Сирим Абдуллоев гуфт, дар занозанӣ дар рустои Сайфуллинои ноҳияи Мактаарал се нафар маҷруҳ шуда ва тирезаҳои як мағоза шикастааст.

Муовини раиси пулиси вилоят рӯзи 1 август дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки табибон духтари ноболиғи қазоқро муоина карданд ва на аз латукӯб ва на аз таҷовуз ба номус нишоне пайдо накарданд. Ба гуфтаи ӯ, навраси тоҷик дастгир нашудааст ва таҳти муроқибати волидонаш қарор дорад. Аммо дар робита ба тафтиши ташкили занозанӣ гуруҳи махсуси фаврӣ-тафтишотӣ таъсис шудааст.

XS
SM
MD
LG