Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати САҲА аз Арманистон барои таъмини амнияти рӯзноманигорон


Дуня Миятович, намояндаи САҲА дар умури озодии ВАО аз мақомоти Арманистон даъват кардааст, ки амнияти рӯзноманигоронро таъмин намуда, чораҳоеро пешниҳод кунад, ки хабарнигоронро аз кормандони пулис ва унсурҳои ҷиноӣ ҳифз менамоянд.

Дар муроҷиатномаи Миятович ба Эдвард Налбандян, вазири корҳои хориҷии Арманистон омадааст, "мақомоти Арманистон бояд даст ба иқдоме бизананд, ки кормандони пулисро водор созад, то ҳангоми муносибат бо рӯзноманигорон таҳаммулпазир бошанд. Ҳамчунин чораҳое пешниҳод намоянд, ки ба эмин будани намояндагони ВАО аз кормандони пулис ва ҷинояткорон кафолат медиҳад".

"Пулис бояд рӯзноманигорон ва намояндагони ВАО-ро ҳимоят кунад", - гуфтааст намояндаи САҲА дар умури озодии расонаҳо.

Дар пайи задухурди 30 июл дар Ереван 15 рӯзноманигор, аз ҷумла кормандони бахши армании Радиои Озодӣ осеб диданд. Ҳангоми пароканда кардани эътирозгарон шахсони дорои либоси мулкӣ бо чӯбдастҳои резинию оҳанин мусаллаҳ ба рӯзноманигорон ҳамла карданд.

Том Кент, президенти Радиои Озодӣ ҳамла ба кормандони ВАО-ро маҳкум карда, гуфт, пулиси Арманистон амнияти рӯзноманигоронро таъмин хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG