Пайвандҳои дастрасӣ

Кӯдакони Ӯзбекистон дар Куриё ба таври ройгон ҷарроҳии қалб мешаванд


Бунёди байналхалқии ҷамъиятии башардӯстонаи "Соглом авлод учун" расонидани ёрииҳои тиббиро барои кӯдакон идома медиҳад.

Яке аз ҳамкорони асосӣ ва мавриди эътимоди Бунёди "Соглом авлод учун" Созмони байналхалқии ҷавонони Junior Chamber International – JCI-и Куриё ва бемористони Пундан Чаи вобастаи Донишгоҳи Чаи ин кишвар аст.

25 майи соли ҷорӣ дар дармонгоҳи Донишкадаи тибби кӯдакона аз ҷониби табибон 27 кӯдаки дорои бемории модарзодии қалб ташхис шудааст, менависад сомонаи Podrobno.uz. Аз миёни онҳо 4 кӯдаки аз 2 то 14-сола барои анҷоми ҷарроҳӣ ба Куриё даъват шудаанд.

Дар ҳамкорӣ бо созмони JCI-Korea танҳо дар давраи солҳои 2008-2015 дар дармонгоҳи Пундан Ча 56 шаҳрванди Ӯзбекистон ба таври ройгон ҷарроҳӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG