Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазирони хориҷаи Осиёи Миёна бо Ҷон Керрӣ мулоқот мекунанд


Акс аз бойгонӣ, дар Самарқанд

Акс аз бойгонӣ, дар Самарқанд

Ҷон Керри-вазири корҳои хориҷаи Амрико 3 август бо вазирони корҳои хориҷаи Тоҷикистону Қирғизистон, Қазоқистону Узбакистон ва Туркманистон мулоқот мекунад. Ин мулоқот бо номи 5 бар иловаи 1 ё C5+1 ном баровардааст. Дар ин бора дафтари матбуотии вазорати корҳои хориҷаи Амрико хабар дод.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои амнияти минтақа, ҳамгароии иқтисодӣ, масъалаҳои муҳити зист, тағири иқлим ва масъалаҳои башарӣ баррасӣ мешаванд.

Ширкаткунандагони ин мулоқот ҳамчунин 5 тарҳеро, ки дар поёни мулоқоти гузаштаи C5+1 дар Самарқанд пешниҳод шуда буд, баррасӣ мекунанд.

Баъд аз мулоқот Энтонӣ Блинкен-муовини вазири корҳои хориҷаи Амрико вазирони корҳои хориҷа ва раҳбарони марказҳои муҳими таҳлилии Амрикоро ба маҷлиси зиёфат даъват хоҳад кард. Дар он ширкаткунандагон андешаҳои худро дар бораи рушди Осиёи Марказӣ дар қарни 21 радду бадал мекунанд.

Гузашта аз ин, Утоқи Тиҷорати Амрико бо ширкати вазирони корҳои хориҷаи кишварҳои Осиёи Миёна ва раҳбарони ширкатҳои бузурги Амрико ҳамоиши корӣ баргузор мекунад. Онҳо имкониятҳо ва мушкилиҳои ҳамгароии иқтисодиро дар минтақа ба баррасӣ мегиранд.

Ба муносибати 25 солагии истиқлоли кишварҳои Осиёи Миёна ва дар бораи мероси ғании фарҳангӣ ва ҳамкориҳои миёни кишварҳои минтақа, миёни ҳукуматҳо, бозаргонон ва сохторҳои фарҳангистони улум ва фарҳангии Амрико нишасте баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG