Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақоми нави сухангӯи вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон


Ҷалолиддин Садриддинов
Ҷалолиддин Садриддинов

Сухангӯи вазорати корҳои дохилииТоҷикистон Ҷалолиддин Садриддинов муовини сардори Раёсати нозироти ташкилии ҳамин вазорат таъин шуд ва ба ҷои вай корманди Дафтари матуботи ВКД Насриддин Саидов таъйин шуд

Ҷалолиддин Садриддинов сухангӯи пешини ВКД 2 август ба Радиои Озодӣ гуфт бо фармони вазир дар ҳафтаи гузашта муовини сардори Раёсати нозироти ташкилии ҳамин вазорат таъин шудааст.

Вай гуфт вазифаи ин раёсат назорат бар иҷрои супоришҳою қарорҳое мебошанд, ки дар вазорат содир мешаванд.

Вай гуфт, дар ҷои вай корманди дафтари матбуот масъули барномаи телевизионии “Сипар” Насриддин ба кор шуруъ кардааст.

Дар моҳи декабри соли 2013 Ҷалолиддин Садриддинов, ки мушовири вазири корҳои дохилӣ буд, сардори Дафтари матбуоти вазорат таъйин шуда буд ва то ҳол мақоми сухангӯи вазорати мазкурро бар уҳда дошт.

XS
SM
MD
LG