Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қонуни афв, ки миёни мардум чун “афви тиллоӣ” маъруф асту баъзеҳо бетоқатона интизорияш мекашанд, “комилан махфӣ” таҳия мешавад.

Як манбаъ дар ҳукумати Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки барои таҳияи қонун гурӯҳи махсус аз мансабдорони ҳукумату ҳуқуқдонҳои варзида ташкил шудааст ва онҳо барои ифшо накардани нуктаҳои асосии санад ҳушдори ҷиддӣ гирифтаанд. Қонун дар арафаи ҷашни истиқлол ва фақат баъд аз имзои президент нашр мешавад, афзуд мусоҳиби мо.

Барно Саидзода, масъули бахши ҳуқуқ дар дафтари раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, ҳам чанд рӯз пеш хабари таҳия шудани қонуни афв бахшида ба 25-солагии истиқлоли Тоҷкиистонро тасдиқ кард ва афзуд, ин санад то рӯзи имзояш аз сӯи раисиҷумҳур набояд ифшо шавад, зеро таҷриба нишон медиҳанд, дастраси омма шудани тарҳи қонун “баъзеҳоро ба содир кардани ҷиноятҳое таҳрик медиҳад, ки барои онҳо авф пешбинӣ шудааст”.

Рустами Шоҳмурод

Рустами Шоҳмурод

Рустами Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо хабарнигорон иқрор кард, ки қонуни авф ё тарҳи пешакии он дастраси вазорат нашудааст.

Бархе аз вакилони Маҷлиси намояндагон гуфтанд, ки тарҳи қонуни нави афв ба муносибати 25-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон шояд ҳанӯз ҳам мавриди баррасии шӯъбаи ҳуқуқи дафтари раёсатҷумҳури Тоҷикистон қарор дошта бошад, зеро ба парлумон ироа нашудааст. Ба таъкиди масъулони Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, тарҳи қонуни афв бар асоси қонунгузории кишвар аз сӯи гурӯҳи кории таъсискардаи ҳукумат таҳия шуда ва тавассути раисҷумҳур барои баррасӣ ва тасвиб ба парлумон ироа мешавад.

Раёсати маҳбасҳои вазорати адлия ба Радиои Озодӣ гуфт, дар бораи иҷрои қонуни афв танҳо пас аз тасвиби он аз сӯи парлумон хабар хоҳанд дод ва онро иҷро хоҳанд кард.

Ҳадаф аз махфӣ таҳия шудани тарҳи қонун воқеъан ҳам ҷилавгирӣ аз эҳтимоли боло рафтани сатҳи ҷурму ҷиноят дар кишвар дар арафаи ҷашни истиқлол аст, таъкид мекунад Муҳаммадризо Халифазода, масъули дафтари матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон. Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ӯ афзуд, махфӣ таҳия шудани қонуни афв хело муҳим аст ва онро дар аксар кишварҳо ба хотири ҷилавгирӣ аз фасод ва афзоиши ҷинояткорӣ риоя мекунанд. “Ва ин мантиқӣ аст. Агар мардум фаҳманд, ки, масалан, ҷинояти дуздӣ афв мешавад, касе хоҳад ҳамон хел дуздӣ мекунад”, мегӯяд ӯ.

Алиакбар Абдуллоев

Алиакбар Абдуллоев

Таҳлилгарон эҳтимоли дар арафаи эълони афв боло рафтани сатҳи ҷурму ҷиноятро дар кишвар байид намедонанд.

Ба гуфтаи Алиакбар Абдуллоев, раиси Маркази ҷумҳуриявии тарғиби маърифати зиддикоррупсионии Тоҷикистон, бисёриҳо аллакай медонанд, ки қонуни афв озод кардани муҷримон дар бархе аз ҷиноятҳо, аз ҷумла, ҷиноятҳои иқтисодиро пешбинӣ кардааст. “Аз ин пеш қонун қабул шуда буд, ки афроди ҷинояти иқтисодӣ содиркарда аз озодӣ маҳрум карда нашаванд ва фақат зарари расондаашонро ҷуброн кунанд”. Алиакбар Абдуллоев меафзояд, афроде, ки аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир кардаанд ва, бигирем, боиси марг дар садамаи нақлиётӣ шудаанд, шояд афв карда шаванд. Эҳтимол ҷиноятҳои аз хунукназарӣ содиршуда ё тасарруфи молу мулк ҳам ба феҳристи ҷиноёти мавриди афв қарор бигиранд", ҳадс мезанад ӯ.

Ба гуфтаи мусоҳиби мо, ҷурми афроде, ки ба ватан хиёнат кардаанд, дар ошӯбҳову талошҳи табаддулоти давлатӣ, дар терроризму бандитизм ва ё қатли инсон даст доранд ва ҷинояти онҳое, ки барои қочоқи миқдори бузурги маводи мухадир зиндонӣ шудаанд, ҳатто дар “афви тиллоӣ” бахшида нанамешавад

Ҳамин тавр, ба гуфтаи мусоҳибони мо, шояд ҳукми аъзои боздоштшудаи Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон бетағйир боқӣ монад. Гумон аст, ки вакилони дифои боздоштшуда, аз ҷумла, Бузургмеҳр Ёров, ҳам бар пояи қонуни авф озод шаванд, мегӯянд онҳо.

Сарнавишти дигар вакили дифоъ Шӯҳрат Қудратов ҳам норӯшан боқӣ мемонад. Моҳи марти соли гузашта Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми зиндони Шӯҳрат Қудратовро тағйир дода, онро аз 9 сол то 3 солу 8 моҳ поин овард.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи таҳлилгарон, солҳои пеш ҳодисаҳое буданд, ки афроди ҷиноятпеша бо ироаи санади тақаллубии тиббӣ пеш аз мӯҳлат чаҳордевори маҳбасро тарк гуфтаанд. Гуфта мешавад, ки ин таҷриба шояд имсол ҳам такрор ёбад. Бозор Исроил (номи мустаори як сокини ноҳияи Шамсиддин Шоҳин аст) мегӯяд, чанд сол боз писараш барои қочоқи маводи мухадир дар маҳбаси Душанбе аст. Ба гуфтаи ӯ, баъзеҳо гӯшзад кардаанд, ки бо даҳ ҳазор доллар метавонанд писарашро берун оваранд. Ин гапу хабарҳо чанд ҳафта боз давом дорад, баъзеҳо ошкор мегӯянд, ки фалон қадар пул те, писаратро дар касалхонаи сил мехобонем ва моҳи сентябр халос мекунем, мегӯяд ӯ. Аммо Бозор Исроил на пул дорад ва на эътимод ба “миёнаравҳо”, аз ин рӯ мегӯяд, беҳтараш писараш боз се соли дигар дар маҳбас бошаду баъд озод шавад. “Муҳимаш, ки дар ин се сол ягон номаъқулии дигар накунаду “срок”-и нав нагирад”, меафзояд ӯ.

Абдулқаюм Юсуфӣ

Абдулқаюм Юсуфӣ

Аммо Алиакбар Абдуллоев эҳтимоли раҳоии афроди гирифтори силро аз маҳбас байид мехонад. Ба гуфтаи ӯ, “шояд дар матни афв биёяд, ки маҳбусони кӯҳансолу барҷомонда ё мубтало ба маризиҳои вазнин озод карда шаванд, вале касилиҳои сил не, чунки онҳоро дар ҳамон дармонгоҳи зиндон табобат мекунанд”. Вакили дифоъ Абдулқаюм Юсуфӣ ҳам мутмаин аст, фақат афроде, ки ба баъзе аз навъҳои мураккаби маризии сил, аз ҷумла, дараҷаи ду ё дараҷаи сеи сил ва бемориҳои шадиде аз қабили сактаи дил гирифторанд, агар ҷинояти вазнин содир накарда бошанд, бар пояи қонун авф хоҳанд шуд.

Охирин қонуни афв дар Тоҷикистон моҳи октябри соли 2014 дар арафаи 20-умин солгарди тасвиби Қонуни асосии Тоҷикистон қабул шуда буд ва беш аз 10 ҳазор маҳбусу афроди гумонбар ба содир кардани ҷинояти мухталиф ба назди пайвандонашон баргаштанд.

Имсол чӣ теъдод аз маҳбусон чаҳордевори маҳбасро тарк хоҳанд гуфт, баъд аз чанд ҳафта маълум хоҳад шуд.

Дар сурати тасвиб қонуни нави афв он 15-умин қонуни афв хоҳад шуд, ки дар 25 соли истиқлоли Тоҷикистон мавриди иҷро қарор мегирад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG