Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти хабарнигори Kyrgyztimes аз сӯи КДАМ Қирғизистон


Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон (КДАМ) Кенжебек Ҷумабоев, хабарнигори сомонаи Kyrgyztimesро бо гумони даст доштан дар гаравгонгирии намояндаи ҳукумат боздошт кардааст.

Бино ба иттилои ин ниҳод, Ҷумабоев гӯиё соли 2013 дар гаравгонгирии Эмилбек Каптагаев, намояндаи ҳукумати Қирғизистон дар вилояти Иссиқкӯл иштирок намудааст.

Ҷонибдорони Кенжебек Ҷумабоев бо талаби раҳоии хабарнигор дар назди бинои КДАМ Қирғизистон тазоҳурот баргузор карданд.

Хадамоти махсуси ин кишвар мегӯяд, хабарнигор Ҷумабоев бар пояи як иттилоъ дастгир гардидааст. Вай соли 2013 дар доираи парвандаи мазкур алакай ба ҳайси шоҳид бозпурсӣ шудааст.

Сомонаи kyrgyztimes.kg як расонаи хабарӣ буда, дар ҷомеаи қирғиз зиёд маъруф нест.

Бархе аз сокинони деҳаи Сарууи ноҳияи Ҷети-Оғуз соли 2013 дар Қаракӯл тазоҳурот намуда, талаб карданд, ки кони Қумтор миллӣ карда шавад. Баъзеи иштирокдорони ин тазоҳурот дастгир шуданд. Намояндаи ҳукумати Қирғизистон Эмилбек Каптагаев дар вилояти Иссиқкӯлро, ки ба назди эътирозгарон омада буд, боздошт ва чанд соат дар дохили мошин нигаҳ доштанд ва таҳдид карданд, ки вайро оташ хоҳанд зад.

XS
SM
MD
LG