Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумат ангури боғпарваронро маҷбурӣ мехарад


Роҳбарияти ноҳияи Иштихони вилояти Самарқанди Ӯзбекистон ба деҳқонони маҳаллӣ иҷозат намедиҳад, ки ангурашонро ба нархи бозор фурӯшанд, балки маҷбур месозанд, то бо нархи арзонтарин ба ҳукумат диҳанд.

Ҳокими ноҳияи Иштихон ангурпарварони деҳаҳои "Чакар", "Янгироҳат", "Чимқурғон", "Меҳнат-роҳат" ва "Бӯстон"-ро иҷозат надодааст, ки ангурҳои парваридаашонро фурӯшанд.

"Деҳқонони ноҳияи мазкур зарари ҷиддӣ мебинанд. Ҳокимон иҷозат намедиҳанд, ки ангур ба берун аз ноҳия фурӯхта шавад ва маҷбур месозанд, ки тамоми ҳосил ба давлат фурӯхта шавад. Ҳукумат охирин луқмаи мардумро мегирад. Илтимос, кумак расонед", - гуфтааст деҳқоне дар як нома ба бахши ӯзбекии Радиои Озодӣ.

Соли ҷорӣ ҳукумати Ӯзбекистон бо чанде аз ширкатҳои бузурги Русия барои содироти сабзавоту мева шартнома бастааст. Ба гуфтаи деҳқонони ӯзбек, мақомот аз тарси он ки шартномаро ба иҷро расонида наметавонанд, аз деҳқонон ангурро бо ними нарх иҷборан мехаранд ва баъдан ба Русия содир мекунанд.

XS
SM
MD
LG