Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Туркманистон боз як суруди нав эҷод кард


Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон ҳамроҳ бо ду наберааш матни суруди нав «Kalbymda sen» ("Ту дар қалби манӣ")-ро эҷод кардааст. Ба иттилои расонаҳои туркманӣ, тарҳи ин суруд ҳанӯз дар давраҳои навҷавонии президент пайдо шудааст.

Ба ҷуз ин, президент ҳамчунин эҷоди оҳангеро ба охир мерасонад, ки ҳанӯз матне барояш омода нашудааст.

Бердимуҳаммадов пештар аз ин ҳам истеъдоди сарояндагиашро ба намоиш гузошта буд. Вай дар соли 2011 суруди "Гулҳои сафеди ман барои ту"-ро сароид. Президент даъво дорад, ки матни сурудро худаш эҷод кардааст, ҳарчанд ин суруд дар соли 2009 аз сӯи сарояндаи туркман Довлат Аманлик иҷро шуда буд. Бердимуҳаммадов худро дар нақши ди-ҷей ҳам санҷидааст.

Вай мунтазам шеърҳояшро нашр мекунад. Барои мисол шеъри президент "Ба пеш, ба пеш, танҳо ба пеш, кишвари азизам - Туркманистон" охири соли 2015 оҳанг баста шуда, онро ҳамзамон 4 ҳазор одам сароидааст. Бо ин вижагӣ, ин суруд шомили китоби рекордҳои Гиннес шудааст.

Бердимуҳаммадов дастовардҳои адабии бештар низ дорад. Ӯ муаллифи зиёда аз 30 китоб аст, ки аз соли 2007 ба ин сӯ, баъди президент шуданаш, навиштааст.

XS
SM
MD
LG