Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сиррӣ шудани маълумот дар бораи захираҳои тилло ва асъор


Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки аз ин ба баъд дар бораи захираҳои тиллову асъор дар кишвар маъмул надиҳад. Умеди Давлатзод, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, рӯзи 2 август гуфт, “дар воқеъ, маълумот дар бораи захираҳои тилло ва асъор сиррӣ шудааст ва ин ба хотири он аст, ки мардум ба воҳима наафтанд”.

Ба гуфтаи Давлатзод, “дар сурати ошкор кардани маълумот дар бораи захираҳои тилло ва асъор имкон дорад, мардум пасандозҳои худро аз бонҳко гиранд ва албатта ин амр паёмади номатлуб хоҳад дошт”.

Ин дар ҳолест, ки қаблан мутахассисони Бонки Ҷаҳонӣ гуфта буданд, захираи тиллову асъори Тоҷикистон танҳо барои 72 рӯз мерасад. Умеди Давлатзод, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон низ инро тасдиқ кард ва гуфт, ки “пас аз фаро расидани бӯҳрони молӣ қисме аз захираҳои тилло ва асъор барои нигоҳ доштани қурби пули миллӣ бароварда шуданд, то пеши роҳи коҳиш ёфтани қурби пул гирфта шавад. Ҳамакнун захираҳои тилло ва асъор барои 72 рӯз мерасад.”

Ҳол он ки тибқи меъёрҳои байналмилалӣ ин мӯҳлат 90 рӯзро бояд ташкил диҳад.

Ба ин далел Умеди Давлатзод, муовини вазири ру3шди иқтисод ва савдои Тоҷикистон гуфт, ки “бо таваҷҷӯҳ ба он ки дар шароити феълӣ қурби пули миллӣ муътадил аст, талош дорем, то меъёри нигаҳдории захираи тилло ва асъорро то ба 90 рӯз расонем”.

Давлат кушиш дорад, то хариди тиллоро аз корхонаҳои дохилӣ ба роҳ монда ва дар ҳоли ҳозир ин меъёр, яъне хариди тилло аз корхонаҳои дохилӣ 45 дар садро ташкил медиҳад.

XS
SM
MD
LG