Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Доналд Трамп гуфтаҳояш дар бораи Русияро ташреҳ кард


Доналд Трамп, номзад ба мақоми раисиҷумҳури ИМА аз Ҳизби ҷумҳурихоҳон, рӯзи 1 август мавқеи худро дар мавриди Русияву Украина баъд аз мусоҳибаи баҳсбарангезаш бо шабакаи телевизионии АВС шарҳ дод. Ба гуфтаи ӯ, бо вуҷуди эътирози шадиди президенти Амрико Барак Обама, Русия тавонист Қримро ишғол кунад. Трамп таъкид кард, ки дар сурати сарвари Амрико интихоб шуданаш ӯ пеши роҳи сиёсати моҷароҷӯёнаи Русияро хоҳад гирифт.

Як рӯз пеш Доналд Трамп гуфта буд, ки дар мавзӯи мансубияти нимҷазираи Қрим бояд назари мардуми маҳаллӣ ба инобат гирифта шавад. Дар посух ба суоли хабарнигори шабакаи телевизионии АВС дар робита ба он ки то куҷо омода аст Қримро чун як бахши Русия эътироф кунад, Трамп гуфт, "ман ин имконро баррасӣ мекунам. Вале шумо медонед, ки мардуми Қрим, тавре ман шунидам, бо Русия буданро авлотар мехонанд”.

Доналд Трамп ҳамчунин гуфт, ки бо раисиҷумҳури Русия Владимир Путин робитае надорад, ягон бор бо ӯ мулоқот накардааст ва телефонӣ низ бо ӯ дар тамос нашудааст.

Изҳороти Трамп муғайир ба сиёсати маъмурияти раисиҷумҳури феълӣ Барак Обама аст, ки илҳоқи Қрим аз сӯи Русияро ғайри қобили қабул мехонад. Русия моҳи марти соли 2014 нимҷазираи Қрими Украинаро як бахш аз қаламрави худ эътироф намуд.

Изҳороти Доналд Трамп боиси интиқоди шадид дар Украина шуд. Вазири умури дохилии Украина Арсен Аваков изҳороти Трампро “бешармона” номид ва гуфт, миллиардери амрикоӣ ҳам барои Украина ва ҳам барои ИМА хатар дорад. Нахуствазири пешини Украина Арсений Ятсенюк изҳор намуд, ки Трамп алайҳи арзишҳои ҷаҳони озод ҷанг эълон кардааст.

XS
SM
MD
LG